Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 23

Луқо 23:29-45

Help us?
Click on verse(s) to share them!
29Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“.
30Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!“
31Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд.
33Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд.
34Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, чун намефаҳманд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас сарбозон бо партофтани қуръа соҳибшавандаи либоси Исоро муайян намуда, онро байни ҳам тақсим карданд.
35Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Таъиншуда ва интихобшудаи Худо бошад, худро наҷот диҳад!»
36Сарбозон низ Ӯро таҳқир менамуданд. Онҳо ба Исо наздик мешуданд ва ба Ӯ майи туршшударо дароз карда,
37мегуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, худро наҷот деҳ!»
38Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд, чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст».
39Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба сари Исо дод зада гуфт: «Магар Ту Таъиншудаи Худо нестӣ? Охир худату моро ҳам наҷот деҳ!»
40Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем.
41Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст».
42Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки ба подшоҳиат дохил мешавӣ, маро ба ёдат биёр».
43Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
44Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
45Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардаи даромади ҷои муқаддастарини Хонаи Худо ба ду қисм пора шуд.

Read Луқо 23Луқо 23
Compare Луқо 23:29-45Луқо 23:29-45