Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 16

Луқо 16:7-31

Help us?
Click on verse(s) to share them!
7Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷои сад ҳаштод навис“.
8Вале хоҷааш назоратчии қаллобро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
9Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойигариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд.
10Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад.
11Пас, агар ба шумо бойигарии ин дунёро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо бойигарии ҳақиқиро боварӣ мекунад?
12Ва агар ба шумо бойигарии шахси бегонаро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо меросатонро медиҳад?
13Ҳеҷ хизматгор якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
14Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд.
15Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
16Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд.
17Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
18Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.
19Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд.
20Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид
21ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад.
22Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд.
23Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст.
24Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй аҷдодам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Лаъзорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“.
25Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ту дар вақти зинда буданат аллакай ҳама чизи хубро ба даст оварда будӣ, вале насиби Лаъзор фақат чизи бад дид. Ҳоло бошад, дили вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ.
26Илова бар ин, байни мову шумо чунон ҷарии бетаге вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“.
27Марди сарватманд гуфт: „Пас, эй аҷдод, аз шумо илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падари ман фиристед.
28Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро таъкид кунад, то онҳо ҳам ба ин ҷои азоб наафтанд“.
29Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мӯсо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“.
30Аммо мард гуфт: „Не, аҷдодам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон назди онҳо биёяд, тавба хоҳанд кард“.
31Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба мурдае, ки зинда шудааст, низ бовар нахоҳанд кард“».

Read Луқо 16Луқо 16
Compare Луқо 16:7-31Луқо 16:7-31