Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 1

Юҳанно 1:28-46

Help us?
Click on verse(s) to share them!
28Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод.
29Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад!
30Ман дар бораи Ӯ гуфта будам, ки аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман вуҷуд дошт.
31Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».
32Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳи Муқаддас монанди кабӯтар аз осмон фаромада, бар Ӯ қарор гирифт.
33Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад“.
34Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
35Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод
36ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!»
37Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд.
38Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чиро мекобед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед? (Маънои калимаи „Раббӣ“ устод аст)».
39Ӯ гуфт: «Рафтем, мебинед». Вақте ки онҳо ҳамроҳаш рафта, ҷои истиқомати Ӯро диданд, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз бо Ӯ монданд.
40Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.
41Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст).
42Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст).
43Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.
44Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд.
45Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст».
46«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».

Read Юҳанно 1Юҳанно 1
Compare Юҳанно 1:28-46Юҳанно 1:28-46