Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто - Матто 13

Матто 13:3-9

Help us?
Click on verse(s) to share them!
3Исо ба онҳо бисёр чизҳоро бо масалҳо нақл карда мегуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.
4Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
5Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин онҳо зуд месабзанд.
6Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад.
7Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд.
8Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд».
9Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»

Read Матто 13Матто 13
Compare Матто 13:3-9Матто 13:3-9