Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 23

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Сипас Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт:
2«Шариатдонон ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мӯсо ҳақ доранд.
3Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Бо вуҷуди ин, ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд.
4Онҳо борҳои гаронеро, ки бардоштанашон вазнин аст, ба дӯши одамон мегузоранд, аммо барои бардошта бурдани онҳо дасти ёрӣ ҳам дароз намекунанд.
5Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд!
6Онҳо дар базмҳо болонишиниро нағз мебинанд ва дар ибодатхонаҳо ба ҷойҳои беҳтарин мешинанд.
7Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро „устод“ гуфта саломашон диҳанд.
8Аммо шуморо набояд унвонҳои „устод“ диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред.
9Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред.
10Шуморо „раис“ ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст.
11Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад.
12Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».
13«Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.
15Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дуру дароз тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо мегузашта бошад. Лекин, вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.
16Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад.
17Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад?
18Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад.
19Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?

20Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад;
21ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад.
22Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад.
23Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.
24Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.
25Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст.
26Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!
27Вой бар ҳоли шумо, шариатдонон ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост.
28Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.
29Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва накӯкорон мақбараҳои зебо сохта онҳоро оро медиҳед.
30Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед.
31Бо ин суханонатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон кушандагони пайғамбарон ҳастед.
32Хӯш, кори сар кардаи аҷдодонатонро ҳоло шумо ба охир расонед!
33Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед?
34Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону муаллимонро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед.
35Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад.
36Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!»
37Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!

38Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад.
39Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».