Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 25

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: даҳ духтар чароғ ба даст гирифта, ба пешвози домод мебароянд.
2Панҷ нафари онҳо кӯтоҳандеш буданд, чунки дар вақти гирифтани чароғҳояшон равғани иловагӣ намегиранд. Аммо панҷ нафари дигарашон дурандеш буданду дар зарфҳо барои чароғҳояшон боз равғани иловагӣ мегиранд.
5Онҳо домодро мунтазир мешаванд, вале ӯ хеле дер мекунад ва духтарон пинак рафта, оқибат хобашон мебарад.
6Нисфи шаб садои баланд шунида мешавад: „Ана домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“
7Духтарон бедор шуда, зуд чароғҳояшонро тайёр мекунанд.
8Он гоҳ кӯтоҳандешон ба дурандешон мегӯянд: „Аз равғанатон камтар диҳед, вагарна чароғҳоямон хомӯш мешаванд“.
9„Не, — ҷавоб медиҳанд дурандешон, — ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“.
10Кӯтоҳандешон барои харидани равған сӯи дӯкон равона мешаванд. Онҳо рафтан замон домод ҳам расида меояд. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона медароянд ва дарҳои тӯйхона баста мешаванд.
11Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида меоянд ва дод мезананд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарҳоро бароямон кушоед!“
12Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“.
13Хуллас, — гуфт Исо, — ҳушёру бедор бошед, чунки вақту соати омадани Фарзанди Инсонро намедонед.
14Дар вақти подшоҳии Худо ҳодисае рӯй медиҳад, ки монанди ин масал аст: марде ба сафар баромаданӣ шуда хизматгоронашро ба наздаш даъват мекунад ва масъулияти идора кардани тамоми молу мулкашро ба ӯҳдаи онҳо мегузорад.
15Инчунин, ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташ тангаҳои тилло медиҳад: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга. Баъд роҳи сафарро пеш мегирад.
16Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, онҳоро зуд ба муомилот медарораду аз он панҷ ҳазори дигар фоида мебинад.
17Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, низ ҳамин тавр амал карда боз ду ҳазори дигар фоида мебинад.
18Аммо хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, рафта чоҳе меканаду тангаҳои хоҷаашро дар ҳамон ҷо пинҳон мекунад.
19Баъд аз гузаштани вақти зиёд хоҷаи он хизматгорон баргашта бо онҳо ҳисобу китоб мекунад.
20Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз панҷ ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“.

21„Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“
22Инчунин хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, даромада мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз ду ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“.
23„Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“
24Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред.
25Ман аз тарс рафта тангаҳоятонро дар замин пинҳон кардам. Ана он пули шумо додагӣ“.
26„Ту хизматгори баду танбал будаӣ! — ҷавоб медиҳад хоҷааш. — Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дон напошидаам, ғалла мегирам, ҳамин тавр не?
27Пас, ту бояд пули маро ба муомилот медодӣ ва ман ҳангоми баргаштанам пуламро бо фоидааш мегирифтам.
28Ҳоло пулро аз вай гирифта ба хизматгоре диҳед, ки даҳ ҳазор танга дорад.
29Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам ва аз ҳад зиёдтар дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
30Ин хизматгори нобакорро бошад, ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“.
31Вақте ки Фарзанди Инсон ҳамчун Шоҳ ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, Ӯ бар тахти шоҳонаи худ мешинад
32ва ҳамаи халқиятҳои рӯи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад.
33Одамони накӯкорро Вай аз тарафи дасти росташ мегузораду боқимондаҳоро аз тарафи дасти чапаш.
34Баъд Шоҳ ба одамони дар тарафи росташ буда мегӯяд: „Хуш омадед, шумо, ки Падарам баракат додааст! Омада дар подшоҳии Худо, ки аз вақти офариниш бароятон насиб гардидааст, баҳраву ҳаловат баред.
35Чунки вақте гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, нӯшокӣ додед, бегона будам, Маро дар хонаатон меҳмон кардед,
36бараҳна будам, ба Ман либос пӯшондед, бемор будам, ба Ман ғамхорӣ кардед ва дар ҳабс будам, Маро хабар гирифтед“.
37Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем?
38Ё кай Туро бегонаву бараҳна дида будем, ки меҳмон карда ба Ту либос пӯшонда бошем?

39Кай Туро бемор ё дар ҳабс дида будем, ки хабар гирифта бошем?“
40Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“
41Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд!
42Чунки вақте гурусна будам, хӯроке надодед, ташна будам, нӯшокӣ надодед,
43бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар ҳабс будам, Маро хабар нагирифтед“.
44Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?“
45Шоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, пас гӯё барои Ман накардаед“.
46Ниҳоят, ин одамон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо накӯкорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд».