Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 16

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Вайро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.
2Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад.
3Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу боронгарӣ мешавад. Шумо нишонаҳои осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду нишонаҳои ҳозиразамонро дида, онҳоро муайян карда наметавонед.
4Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад». Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт.
5Вақте ки шогирдон ба дигар тарафи кӯл расида омаданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.
6Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед».
7Он гоҳ шогирдонаш ба муҳокима даромада, ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт».
8Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?!
9Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед?
10Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабади калон ҷамъ кардед?
11Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
12Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шудани онҳоро дар назар дошт.
13Исо бо шогирдонаш ба маҳаллаи назди шаҳраки Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон дар бораи кӣ будани Фарзанди Инсон чӣ мегӯянд?»
14Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст».
15Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?»
16Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ».
17Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст.
18Бинобар ин ба ту мегӯям, ки ту Петрус — санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати имондорони худро пойдор менамоям ва онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд.

19Ман ба ту калидҳои подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро, ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳӣ, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад».
20Баъд Исо ба шогирдонаш қатъӣ таъкид кард, ки Таъиншудаи Худо будани Ӯро ба касе нагӯянд.
21Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
22Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!»
23Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!»
24Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
25Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад.
26Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад.
27Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад.
28Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон мебинанд, ки чӣ тавр Фарзанди Инсон барои подшоҳӣ кардан меояд».