Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 12

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дере нагузашта, Исо аз назди киштзори гандум мегузашт. Ин рӯзи истироҳат буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро меканданду донаҳояшро мехӯрданд.
2Инро дида баъзе аз фарисиён назди Исо омада гуфтанд: «Инро бинед-а, шогирдони Шумо кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи истироҳат кардани он раво нест».
3Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
4Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифту хӯрд. Ҳол он ки аз рӯи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки фақат ба рӯҳониён хӯрдани он нон мумкин буд.
5Ё наход дар шариати Мӯсо нахонда бошед, ки рӯҳониён ҳангоми дар Хонаи Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи истироҳатро вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд?
6Аммо ҳаминро дониста бошед, ки чизи бузургтар аз Хонаи Худо дар ин ҷост.
7Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед.
8Охир Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст».
9Исо роҳашро давом дода ба ибодатхона рафт.
10Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?»
11Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред?
12Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост».
13Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард, ки он мисли дасти дигараш сиппа-сиҳат шуд.
14Фарисиён бошанд, баромада рафтанд ва нақшаи куштани Исоро кашиданд.
15Исо аз нақшаи фарисиён огоҳ шуда, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз паяш рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода,
16ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.
17Инро Исо барои ба амал омадани суханони Худо кард, ки ба воситаи Ишаъё пайғамбар гуфта буд:
18«Ана он хизматгорам, ки Ман интихоб кардам. Ӯ роҳати ҷонам аст ва Ман Ӯро азиз медонам. Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.

19Ӯ бо ҳеҷ кас муноқиша намекунад ё доду вой намебардорад, ё ҳеҷ кас дар кӯчаҳо бо овози баланд сухан гуфтани Ӯро намешунавад.
20Ӯ касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, намешиканаду касеро, ки мисли пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намекунад, то даме ки пойдор намудани адолат ба Ӯ муяссар мегардад.
21Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин умеди наҷотро дар Ӯ мебинанд».
22Сипас ба назди Исо марди девонаеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо бахшид ва ӯ ҳам гап зада ва ҳам дида метавонистагӣ шуд.
23Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?»
24Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад».
25Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, вайрон хоҳад шуд.
26Инак, агар шайтон худашро берун кунад, магар ин нишонаи он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад?
27Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
28Аммо, агар Ман бо қудрати Рӯҳи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст.
29Инчунин ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад. Ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.
30Касе ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.
31Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани кофиронаи инсон барояш бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофиронае мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад.
32Ҳар кас ки бар зидди Фарзанди Инсон сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад.
33Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.
34Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд.
35Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.
36Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи ҷазо шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод.

37Чунки аз рӯи суханони худатон шумо ё беайб ва ё айбдор ҳисоб мешавед».
38Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед».
39Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад.
40Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад.
41Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост!
42Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста насли шуморо айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост!
43Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад.
44Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст.
45Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Айнан ҳамин ҳодиса бо одамони бади ин замон рӯй хоҳад дод».
46Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, ки модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд.
47Касе аз байни халқ ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронатон дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Шумо гапзанон кунанд».
48Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?»
49Баъд бо дасташ сӯи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Ана инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд!
50Зеро ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».