Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 19

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд.
2Аз паси Ӯ тӯда-тӯдаи одамон низ рафтанд ва дар он ҷо Ӯ онҳоро шифо бахшид.
3Баъд чанд нафаре аз фарисиён Исоро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабабе, ки хоҳад, аз занаш ҷудо шавад?»
4Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст“?
5Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“.
6Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
7Фарисиён боз саволе доданд: «Пас, чаро Мӯсо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард бояд ба занаш талоқномае навишта ҷавоб диҳад?»
8Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби сангдилиатон Мӯсо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд.
9Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар марде бо ҳар сабабе (ғайр аз сабаби бевафоии занаш) аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, вай гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад».
10Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад».
11«На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, — ҷавоб дод Вай, — фақат касоне, ки Худо ба онҳо насиб гардондааст.
12Зеро мардон бо сабабҳои гуногун зан намегиранд: баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».
13Баъзе касон ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, онҳоро сарзаниш намуданд.
14Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд».
15Баъд бо нияти баракат додан ба сари кӯдакон даст гузошту аз он ҷо рафт.
16Боре як мард пеши Исо омада, аз ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?»
17Ӯ ба мард ҷавоб дод: «Чаро аз Ман дар бораи чизи нек мепурсӣ? Фақат як кас нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармоишҳоро риоя намо».
18«Кадом фармоишҳоро?» — пурсид мард. Исо ба номбар кардани фармоишҳо даромада гуфт: «Одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ,

19падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва шахсеро, ки наздики ту аст, мисли худат дӯст бидор».
20Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ карданам лозим аст?»
21Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯшу пулашро ба камбағалон тақсим бикун. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ҳамин бо шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт.
23Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст.
24Боз мегӯям, ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».
25Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
26Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».
27Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?»
28Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард.
29Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад.
30Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».