1Баъд аз ба дувоздаҳ шогирд вазифа додан Исо аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд.
2Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод.
3Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
4Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед.
5Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.
6Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
7Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад?
8Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд.
9Хуллас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
10Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“.
11Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст.
12Аз рӯзе, ки Яҳё ба эълон кардани пайғоми худ шурӯъ намуд, то ба имрӯз подшоҳии Худо аз зӯроварӣ азоб кашид ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст оварданӣ ҳастанд.
13Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд;
14агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд.
15Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
16Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд:
17„Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“.
18Инак, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ дев дорад.
19Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!“ Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад».
20Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин Исо онҳоро таъна зада гуфт:
21«Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
22Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!
23Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд.
24Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!»
25Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар — Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ.
26Оре, Падар, чунин буд хости Ту.
27Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
28Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам.
29Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад.
30Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст».