Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 7

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед.
2Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад.
3Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед?
4Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред?
5Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
6Чизеро ки муқаддас аст ба сагон надиҳед, вагарна онҳо рӯ гардонда ба шумо ҳамла меоваранд. Ва гавҳари худро пеши пойҳои хукон напартоед, вагарна онро поймол мекунанд.
7Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
8Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
9Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад?
10Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад?
11Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?!
12Чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Зеро мағзи шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
13Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд.
14Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
15Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо бо намуди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони дарранда ҳастанд.
16Шумо онҳоро аз амалиёташон мешиносед. Охир аз буттаи хор ангур ё анҷир намечинанд-ку.
17Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти касал меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад.
19Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.

20Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз маҳсули амалашон мешиносед.
21На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд.
22Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“
23Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“.
24Инак, ҳар касе, ки ҳамаи ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди бинокори дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд.
25Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд.
26Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд.
27Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».
28Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд,
29зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод.