1Исо Хонаи Худоро тарк карда, ба роҳ баромада буд, ки шогирдонаш ба наздаш омаданду диққаташро ба биноҳои Хонаи Худо ҷалб карданӣ шуданд.
2Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?»
4Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад.
5Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.
6Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
7Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд.
8Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди саршавии дарди зоидан мебошанд.
9Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
10Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд.
11Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд.
12Бадиву разилӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад.
13Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
14Ин хушхабар дар бораи подшоҳии Худо бошад, дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон меояд.
15Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад).
16«Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад.
17Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона поён нафарояд.
18Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
19Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!
20Дуо кунед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи истироҳат рост наояд.
21Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
22Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
23Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед.
24Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд.
25Ана, Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
26Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед.
27Чунки омадани Фарзанди Инсон мисли дурахши барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.
28Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд.
29Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо фавран офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
30Он вақт нишонаи омадани Фарзанди Инсон дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯи замин дида гиряву нола мекунанд.
31Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад.
32Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
33Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст.
34Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.
35Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
36Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
37Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд.
38Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод.
39Баъд аз он ҳам одамон аз дунё бехабар буданд, то даме ки тӯфон сар шуду об ҳамаи онҳоро несту нобуд кард. Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон низ чунин ҳодиса рӯй медиҳад.
40Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
41Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
42Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Худовандатонро намедонед.
43Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, вай тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
44Аз ин рӯ, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки шумо мунтазираш нестед.
45Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад.
46Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
47Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
48Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки соҳибаш дер меояд ва
49хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майзадаҳо машғули хӯрдану нӯшидан мешавад.
50Ана, дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш баргашта,
51ин хизматгорро ду пора мекунад ва вай ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, партофта мешавад».