Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 27

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Пагоҳии барвақт ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм нақшаи ба дасти марг супоридани Исоро кашиданд.
2Бо фармони онҳо дасту пои Исоро баста Ӯро аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд.
3Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш тавба кард. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро назди сардорони рӯҳонӣ ва пирон баргардонда оварду
4ба онҳо гуфт: «Ба марги ин одами беайб ман гунаҳкор, чунки Ӯро ман таслим кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».
5Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯи фарши Хонаи Худо партофту аз он ҷо баромада рафта худро овехт.
6Сардорони рӯҳонӣ он тангаҳоро чида гирифта қарор карданд, ки аз рӯи шариат ин пулро ба хазинаи Хонаи Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст.
7Баъд бо розигии ҳама онҳо саҳрои кӯзагарро харида, аз он барои мусофирон қабристон сохтанӣ шуданд.
8Ана барои ҳамин он саҳро то ба имрӯз «Саҳрои Хун» номида мешавад.
9Ҳанӯз Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: «Аз рӯи фармоне, ки Худо ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағе, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, гирифта ба харидани саҳрои кӯзагар сарф карданд». Пас, ин пешгӯӣ ба амал омад.
11Акнун, ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед».
12Лекин, ҳангоме ки сардорони рӯҳонӣ ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.
13Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»
14Аммо Вай ҳатто ба яке аз ин айбдоркуниҳо ҷавобе надод. Ва ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.
15Ҳокими румӣ одате дошт, ки дар ҷашни ин ид маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд.
16Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббос ном дошт.
17Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Таъиншудаи Худо меноманд?»
18Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
19Ҳанӯз ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ки ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин одами бегуноҳ ҳеҷ коре накунед, чунки имшаб дар хобам ман аз барои Вай бисёр азоб кашидам».

20Дар ин мобайн сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббос ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд.
21Пилотус бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳардуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?» «Бараббосро!» — ҷавоб доданд онҳо.
22«Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?» — боз аз онҳо пурсид Пилотус. «Ӯро мехкӯб кунед!» — бо як овоз ҷавоб доданд ҳамаи онҳо.
23Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»
24Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!»
25Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Ба марги Ӯ мо ва фарзандонамон ҷавобгар ҳастем!»
26Бинобар ин Пилотус Бараббосро барояшон озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
27Сарбозони ҳоким Исоро ба ҳавлии дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд.
28Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд.
29Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд.
30Сарбозон Исоро туфборон карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд.
31Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд. Сипас Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд.
32Дар аснои роҳ онҳо бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад.
33Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷои косахонаи сар» аст, расида омаданд,
34сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нанӯшид.
35Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, барои муайян намудани соҳибшавандаи либос, қуръа партофтанд.
36Сипас нишаста Вайро назорат карда истоданд.
37Аз болои сари Исо айбномае бар Ӯ навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи Яҳудиён аст».

38Ҳамроҳи Ӯ ду дуздро низ дар салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.
39Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда
40мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!»
41Айнан ҳамин тавр сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд:
42«Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. Ана Шоҳи Исроил. Агар Вай ҳоло аз салиб поён фарояд, мо ба Вай имон меоварем.
43Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!»
44Ҳатто дуздоне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро таҳқир мекарданд.
45Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
46Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст.
47Баъзе аз ҳозирон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ӯ Илёс пайғамбарро ҷеғ зада истодааст».
48Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд.
49Лекин дигарон гуфтанд, ки ӯ ин корро накунад, то бубинанд, ки оё Илёс омада Вайро наҷот медиҳад ё не.
50Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод.
51Инак, пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо ба қисмҳо тақсим шуданд.
52Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр одамони муқаддас аз нав зинда гаштанд.
53Баъд аз он ки Исо аз байни мурдагон боз зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Ерусалим, шаҳри муқаддас даромаданду бисёр касон онҳоро диданд.
54Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
55Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд.

56Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
57Бо фаро расидани шом аз шаҳри Аромот як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд.
58Юсуф пеши Пилотус рафта, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд.
59Юсуф Вайро гирифта ба кафани тоза печонд
60ва ба қабри худ, ки навакак дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба дари қабр ғелонда, аз он ҷо рафт.
61Дар рӯ ба рӯи он қабр Марями Маҷдалия ва дигар Марям нишаста буданд.
62Рӯзи дигар, ки рӯзи истироҳат буд, сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён ҷамъ шуданду пеши Пилотус рафта
63ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъд аз маргаш аз нав зинда мешавад.
64Бинобар ин фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дузданду ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ аз байни мурдагон зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввал дида бадтар мешавад».
65Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду рафта, ба чи тарз ки тавонед, қабрро нигаҳбонӣ кунед».
66Инак, онҳо рафта, санги дари қабрро мӯҳр карданду барои нигаҳбонии он посбонон гузоштанд.