1Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
2ба онҳо чунин гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед ва ҳамин ки ба он ҷо рафта расидед, модахари басташудаеро якҷоя бо бачааш меёбед. Банди вайро кушоеду ҳардуяшро ба наздам биёред.
3Агар касе ягон гап занад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав ба бурдан иҷозат медиҳад».
4Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд:
5«Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед: „Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор, болои бачаи модахаре омада истодааст“».
6Инак, ду шогирдаш рафта гуфтаи Исоро иҷро карданд.
7Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд.
8Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯи иззат сари роҳаш мегузоштанд.
9Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
10Вақте ки Ӯ ба Ерусалим ворид гашт тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд.
11Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.
12Сипас, Исо ба ҳавлии Хонаи Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо хариду фурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа карда
13гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ номида мешавад“. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед».
14Дар ин мобайн кӯрон ва лангон дар Хонаи Худо назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд.
16Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» «Албатта мешунавам, — ҷавоб дод Исо ва илова кард, — Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед: „Забони кӯдакону тифлҳои ширхорро Ту асбоби ситоиши худ гардондӣ“?»
17Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карду аз шаҳр берун шуда, ба деҳаи Байт-Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.
18Бомдодон Ӯ ба шаҳр баргашта истода буд, ки гурусна монд.
19Воқеан дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, ба назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ҳеҷ чиз наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Фавран дарахт аз бехаш хушк шуд.
20Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Устод, чӣ хел шуд, ки дарахти анҷир якбора аз бехаш хушк шуд?»
21Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар шумо бовар кунеду шубҳа надошта бошед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. Ва на фақат ин корро, балки, агар шумо ҳатто ба кӯҳ гӯед, ки бархеста ба баҳр биафтад, сухани гуфтаатон иҷро мешавад.
22Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чӣ дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред».
23Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?»
24Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам.
25Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем.
26Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё эътиқод дорад».
27Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам».
28Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“.
29Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Баъд падараш рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад. Лекин баъдтар писари калонӣ аз фикраш гашта ба токзор меравад. Писари дуюмаш бошад, намеравад».
31Исо аз сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?» «Писари калониаш», — ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки одамони радди маърака, яъне андозгирон ва фоҳишаҳо пеш аз шумо ба подшоҳии Худо дохил шуда истодаанд.
32Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед.
33Ба масали дигаре гӯш андозед, — гуфт ӯ. Як заминдор токзор бунёд карда, гирди онро девор мегирад. Барои фишурдани ангур ҳавз мекобад ва дидбонгоҳе месозад. Баъд токзорашро ба чанд нафаре иҷора медиҳаду хонаашро монда ба кишвари дигар сафар мекунад.
34Бо фаро расидани вақти ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди иҷоракорон мефиристад.
35Аммо иҷоракорон хизматгорони ӯро дастгир карда, якеашро мезананд, дигареро мекушанд ва сеюмро сангсор мекунанд.
36Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида бештар хизматгоронашро мефиристад. Аммо иҷоракорон бо онҳо низ ҳамон тавр рафтор мекунанд.
37Оқибат, соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо мефиристад.
38Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!“
39Бо ин қарор онҳо писарро дастгир мекунанду вайро аз токзор берун бароварда мекушанд».
40Баъд Исо савол дод: «Хӯш, вақте ки худи соҳиби токзор бармегардад, бо ин иҷоракорон чӣ хел рафтор мекунад?»
41Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадонро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба иҷоракорони дигар медиҳад, ки ҳаққи ҳосилашро дар вақташ медиҳанд».
42Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“?
43Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд.
44Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, шикаста майда-майда мешавад, вале агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
45Сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо нақл карда истодааст.
46Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд.