1Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродус, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, рафта расид.
2Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки дар асл ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз нав зинда шудааст, барои ҳамин ҳам Ӯ чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дорад.
3Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд.
5Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид.
6Бо вуҷуди ин, боре дар ҷашнгирии рӯзи таваллуди Ҳиродус духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақсу бозӣ карда, Ҳиродусро чунон мафтун кард, ки
7ӯ қасам ёд карда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!»
8Духтар аз рӯи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе оварда диҳед».
9Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири ваъдаи дар пеши меҳмонон додааш, фармон дод, ки гуфти духтарро иҷро кунанд.
10Ҷаллоди фиристодааш рафта, дар ҳабсхона сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард
11ва дар рӯи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба дасти модараш супорид.
12Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд.
13Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуду худаш танҳо ба ҷои хилвате рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд.
14Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморони дар байнашон бударо шифо дод.
15Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?»
16«Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, — ҷавоб дод Вай. — Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!»
17Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем».
18«Онҳоро ба Ман оварда диҳед», — гуфт Исо.
19Ӯ ба мардум гуфт, ки рӯи сабза нишинанд. Баъд он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ки ба мардум тақсим карда диҳанд.
20Ҳама то сер шудан хӯрданду шогирдон боз дувоздаҳ сабади пур аз нонпораҳо ҷамъ карданд.
21Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд.
22Сипас Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шаванду пешопеши Ӯ ба дигар тарафи кӯл раҳсипор шаванд, то худаш ҳам баъд аз мардумро ҷавоб доданаш назди онҳо биравад.
23Вақте ки Вай мардумро ҷавоб дод, барои дар танҳоӣ дуо кардан ба теппае баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд.
24Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои кӯл қаиқро алвонҷ медоданд.
25Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд.
26Шогирдон Исои дар рӯи об роҳ рафтаистодаро дида, «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд.
27Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».
28Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям».
29«Биё», — амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада дар рӯи об қадам занон ба Исо наздик мешуд.
30Сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда буд ки, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!»
31Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»
32Бо ин суханон онҳо ба қаиқ савор шуданд ва шамол аз вазидан бозмонд.
33Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст.
34Онҳо аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд.
35Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд.
36Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.