Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 26

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо таълим додани ҳамаи ин чизҳоро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт:
2«Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».
3Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд.
4Онҳо нақша кашиданд, ки бо ҳила Исоро дастгир мекунанду Ӯро ба қатл мерасонанд.
5Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, чунки халқ шӯриш бардоштанаш мумкин буд.
6Исо он вақт дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном марде, ки пештар махав буд, меҳмон шуд.
7Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як кӯзачаи сангини гаронбаҳои пур аз атри қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт.
8Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?!
9Охир ин атрро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!»
10Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро ташвиш медиҳед? Ӯ бароям кори калон кард.
11Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.
12Ин зан атрро ба танам рехта Маро ба гӯронидан тайёр кард.
13Хӯш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».
14Яке аз шогирдони Исо, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, назди сардорони рӯҳонӣ рафта
15пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра шумурда доданд.
16Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати қулай меҷуст.
17Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?»
18Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устодамон мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Балогардонро қайд мекунад».

19Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
20Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту
21ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Худованд, мабодо ин ман набошам?»
23Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки луқмаашро ҳамроҳи Ман ба як коса тар мекунад, ба Ман хиёнат мекунад.
24Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд!»
25Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Мабодо ман набошам, устод?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ».
26Онҳо хӯрдани хӯрокро давом медоданд, ки Исо нонро ба даст гирифта, шукргӯён баракат талабид. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
27Пас косаро гирифта, шукри Худо карду онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз ин коса бинӯшед.
28Ин хуни Ман аст, ки бо он Худо бо халқ аҳду паймон мебандад ва он барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёде рехта мешавад.
29Ба шумо мегӯям, акнун Ман аз меваи нави токи ангур ҳамроҳи шумо фақат дар подшоҳии Падарам хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
30Сипас онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.
31Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“.
32Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам».
33Петрус ба Вай эълон карда гуфт: «Агар аз барои ҳодисае, ки бо Шумо рӯй медиҳад, ҳама пайрави кардани Шуморо бас кунад ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам».
34Исо ба ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
35Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Шумо мурданам лозим ояд, ҳаргиз инкор намекунам». Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд.
36Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман он сӯтар рафта дуо мекунам».

37Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Дарду аламаш шиддат меёфт ва
38Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед».
39Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард: «Падарҷонам, агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
40Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Он гоҳ ба Петрус гуфт: «Чӣ шумо ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед?
41Ҳоло бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».
42Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад».
43Баъд баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд.
44Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард.
45Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад.
46Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад».
47Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм расида омад.
48Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунед».
49Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, устод» гӯён Ӯро бӯсид.
50Исо ба вай гуфт: «Ҷӯра, мақсадатро иҷро намо!» Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда дасту пояшро бастанд.
51Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт.
52Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, аз теғи шамшер мемирад.
53Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад.
54Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд, охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад?»

55Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед.
56Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд». Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.
57Сипас онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди Қаёфо, сарвари рӯҳониён бурданд. Дар хонаи Қаёфо шариатдонону пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд.
58Петрус бошад, то ба назди ҳавлии сарвари рӯҳониён аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади анҷоми корро дидан дар байни посбонон нишаст.
59Сардорони рӯҳонӣ ва дигар ҳамаи аъзоёни шӯро бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд.
60Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ тӯҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда
61гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки Хонаи Худоро вайрон карда, онро дар мобайни се рӯз аз нав барпо карда метавонад».
62Бо шунидани ин суханон сарвари рӯҳониён аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?»
63Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?»
64Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!»
65Он гоҳ сарвари рӯҳониён либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони кофирона гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло суханони кофиронаи Ӯро шунидед.
66Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», — ҷавоб доданд дигарон.
67Баъзеҳо ба рӯи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада
68мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!»
69Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ».
70Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯӣ».
71Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд».
72Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам».

73Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам шарики онҳо ҳастӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст».
74Вале Петрус қасамҳо хӯрда гуфт: «Ман ин одамро намешиносам». Ҳамин лаҳза хурӯс ҷеғ зад
75ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.