Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 4

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Баъд аз ин воқеа Рӯҳи Муқаддас Исоро ба биёбон бурд, то ки иблис Ӯро биозмояд.
2Давоми чил шабу чил рӯз Исо рӯза дошт ва гурусна монд.
3Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».
4Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд».
5Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт
6ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».
7«Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем».
8Баъд аз ин иблис Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳашон ба Ӯ нишон дода
9гуфт: «Агар ба ман саҷда карда, маро парастиш намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам».
10Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем».
11Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд.
12Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад.
13Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад.
14Ҳамин тавр суханони Ишаъё пайғамбар ба амал омаданд, ки гуфта буд:
15«Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ!
16Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, равшании дурахшонро диданд ва бар онҳое, ки дар ин ноҳия таҳти сояи марг мезистанд, равшанӣ дурахшид».
17Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!»
18Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд.

19Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».
20Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.
21Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард
22ва дарҳол онҳо қаиқ ва падарашонро монда, Ӯро пайравӣ карданд.
23Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид.
24Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид.
25Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд.