Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 28

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Фардои рӯзи истироҳат, офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва дигар Марям барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд.
2Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон поён фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст.
3Намуди вай барқ барин буду либосаш монанди барф сап-сафед.
4Посбонон аз тарси ӯ дарақ-дарақ ларзида мурда барин ба рӯи замин дароз кашиданд.
5Фаришта бошад, ба он занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед.
6Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Чунон ки Ӯ гуфта буд, айнан ҳамон тавр Вай зинда шуд. Ана омада ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бубинед.
7Акнун, зуд назди шогирдонаш рафта бигӯед, ки Исо аз байни мурдагон зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ана ин буд хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам».
8Пас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд.
9Банохост Исо бо онҳо вохӯрда саломашон дод. Онҳо ба Вай наздик омаданду саҷда карданӣ шуда аз пойҳояш дошта гирифтанд.
10Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид.
11Занон ба роҳ баромада буданд, ки баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта тамоми воқеаи рӯйдодаро ба сардорони рӯҳонӣ ҳикоят карданд.
12Сардорони рӯҳонӣ барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода
13гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омаданду аз фурсати хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд.
14Агар ин хабар то ба гӯши ҳоким рафта расад, ғам нахӯред; мо ба ӯ гапамонро маъқул мекунонем».
15Посбонон пулро гирифтанду рафта, чунон ки онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Бинобар ҳамин яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз мегуфтагӣ шуданд.
16Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд.
17Онҳо Ӯро дидан замон ба Ӯ саҷда карданд, аммо баъзеашон шубҳа доштанд.
18Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст.

19Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед
20ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам».