Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 10

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд.
2Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,
3Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (он ки андоз ҷамъ мекард), Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Таддо,
4Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
5Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, ба иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед,
6балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта
7эълон кунед, ки подшоҳии Худо наздик аст.
8Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, махавиёнро пок созед ва девҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо бепул дода шудааст, пас шумо низ инро бепул кунед.
9Вақте ки ба сафар мебароед, бо худ дар камарбандатон на тангаҳои тиллову нуқра ва на тангаҳои мисин гиред,
10на борхалтаву на асо ва на либоси иловагиву на пойафзол гиред, зеро меҳнаткаш сазовори таъминот аст.
11Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё қишлоқ медароед, одами шоистаро суроғ кунед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед.
12Баробари ба он хона даромадан салом диҳед.
13Агар он хонадон шуморо нағз қабул кунад, барояшон баракат талаб кунед, дар акси ҳол, бигузор баракататон ба худатон баргардад.
14Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда истода, ҳамчун нишонаи огоҳӣ чангу хокашро аз поятон биафшонед.
15Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм ва Амӯро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
16Инак, Ман шуморо ба назди одамон, гӯё гӯсфандонро ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безиён бошед.
17Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, назди шӯрои калонҳо мебаранд ва дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд.
18Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд, то ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед.

19Ҳангоме ки шуморо назди шӯрои олӣ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд.
20Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.
21Дар он айём бародар бародари худро ба қатл мерасонад ва инчунин падар фарзанди худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд.
22Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт.
23Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар як шаҳр дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Фарзанди Инсон меояд.
24Шогирд аз устодаш баландтар нест, инчунин хизматгор аз хоҷааш.
25Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.
26Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.
27Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед.
28Аз одамон натарсед, ки онҳо ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд. Балки аз шахсе тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад.
29Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо ҳатто яктои он ба замин намеафтад, ки Падаратон аз он хабардор набошад.
30Аз они шумо бошад, мӯйҳои саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудаанд.
31Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
32Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.
33Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад мекунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.
34Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам.
35Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам.
36Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.

37Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
38Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
39Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
40Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад.
41Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт.
42Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, бе мукофот нахоҳад монд».