Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 20

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт ба бозор баромад.
2Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро бо якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод.
3Соати қариби нӯҳ вай боз ба бозор рафт ва дар он ҷо якчанд марди бекористодаро дида,
4ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман шуморо розӣ мекунам“. Онҳо рафтанд.
5Заминдор соатҳои тақрибан дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард.
6Қариби соати панҷ буд, ки вай боз ба бозор рафт ва боз якчанд марди бекористодаро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бе кор гузаронда истодаед?“
7Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор.
8Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ“.
9Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд.
10Инак, онҳое, ки аввал киро шуда буданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо бо расидани навбати онҳо, ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд.
11Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд:
12„Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“
13Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам?
14Ана, пулатро гиру ба хонаат рав. Ба ин марди охирин киро кардаам бошад, ман хостам баробари ту музд диҳам.
15Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“»
16Дар хотима Исо гуфт: «Пас, касоне, ки ҳоло дар сафи пеш истодаанд, дар сафи ақиб хоҳанд шуд ва касоне, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш хоҳанд шуд».
17Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт:
18«Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда,

19ба дасти беимонон месупоранд. Беимонон бошанд, Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм аз нав зинда мешавад».
20Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карду чизе хоҳиш карданӣ шуд.
21Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд», — ҷавоб дод зан.
22Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?» «Метавонем», — ҷавоб доданд онҳо.
23Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».
24Даҳ шогирди дигар ин гуфтугӯйро шунида, ба ин ду бародар сахт қаҳрашон омад.
25Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва ҳокимони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд.
26Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад
27ва ҳар кас ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад.
28Айнан чӣ тавре ки Фарзанди Инсон на барои он омадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».
29Баъдтар Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ериҳӯ ба роҳ баромада буд, ки мардуми зиёде аз пайи онҳо рафтанд.
30Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»
31Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»
32Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?»
33Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунед».
34Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд.