Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Матто

Матто 22

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо боз ба сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм рӯ оварда гуфт:
2«Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин: подшоҳе писарашро хонадор карданӣ шуда, базм барпо мекунад
3ва хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон мефиристад. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд.
4Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода мегӯяд: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, чунки барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шудаанду ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“.
5Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар якеашон бо кори худашон машғул мешаванд: як қисмашон ба саҳроҳои худ мераванд, қисми дигарашон ба дӯконҳои худ,
6баъзеашон бошанд, хизматгоронро дошта, латукӯб мекунанду мекушанд.
7Шоҳ ба қаҳру ғазаб омада, сарбозонашро назди он одамкушон мефиристад, ки онҳоро нобуд карда шаҳрашонро сӯзонанд.
8Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд: „Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд.
9Ҳоло ба кӯчаҳои серодам раведу чӣ қадар бисёртар одамонро ёфта тавонед, ҳамаашонро таклиф кунед“.
10Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки меёфтанд, баду некро фарқ накарда ба тӯйхона ҷамъ меоварданд. Оқибат тӯйхона пури одам шуд.
11Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона медарояд, чашмаш ба марде меафтад, ки либосаш идона нест.
12„Эй ҷӯра, — муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ, — чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист.
13Он гоҳ шоҳ ба хизматгоронаш фармон дода мегӯяд: „Дасту пои ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“».
14Исо суханонашро хотима дода гуфт: «Донед, ки бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд».
15Он гоҳ фарисиён як тараф ҷамъ шуда, нақша кашиданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд.
16Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед.
17Бигӯед, ба фикри Шумо, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
18Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Ҳой, дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?!

19Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд
20ва Ӯ пурсид: «Дар он акс ва номи киро мебинед?»
21«Императорро», — ҷавоб доданд онҳо. Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо».
22Аз шунидани чунин ҷавоб онҳо бениҳоят ҳайрон шуданд ва бо ҳамин ҳолат аз наздаш рафтанд.
23Худи ҳамон рӯз баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд:
24«Устод, Мӯсо дар қонун ба мо чунин навиштааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида аз олам гузарад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
25Инак, бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард.
26Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод.
27Оқибат зан ҳам вафот кард.
28Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
29Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро.
30Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд.
31Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст:
32„Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».
33Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд.
34Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавоби худ забонкӯтоҳ кард, як гурӯҳ шуда омаданд.
35Ва қонуншиносе аз байни онҳо барои озмудани Исо чунин савол дод:
36«Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?»

37Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем“.
39Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем“.
40Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».
41Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид:
42«Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд», — ҷавоб доданд онҳо.
43Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:
44„Худованд ба Худованди ман гуфт: «То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.
45Агар Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»
46Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.