1Сипас, ба назди Исо аз Ерусалим чанд нафаре аз фарисиёну шариатдонон омада пурсиданд:
2«Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!»
3Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?
4Худо ба мо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“.
5Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам,
6он гоҳ ҳоҷат нест, ки ба падараш изҳори эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо барои риоя кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед.
7Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оид ба шумо пешгӯӣ карда гуфта буд:
8„Худо мегӯяд: «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, вале дар асл дилашон аз Ман дур аст.
9Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“».
10Баъд Исо мардумро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Ҳамин чизро бидонед, ки
11он чи аз даҳони одам ба дарунаш медарояд, ӯро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳонаш берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».
12Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд».
13Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар гиёҳе, ки Падари осмониам нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад.
14Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз дигар кӯронро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳардуяшон рафта ба чоҳ меафтанд».
15Дар ин вақт Петрус ба Исо мегӯяд: «Ба мо маънои масали пештар овардаатонро шарҳ диҳед».
16Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?
17Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз меъда гузашта берун мебарояд?
18Лекин он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд.
19Зеро аз дил фикрҳои бад берун меоянд, ки сабаби одамкушӣ, алоқаи беникоҳ, фисқу фуҷур, дуздиву шаҳодати дурӯғдиҳӣ ва тӯҳматкунӣ мегарданд.
20Ана ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо бетаҳорат ба сари дастархон нишастан одамро ҳаром намекунад».
21Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт.
22Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст».
23Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!»
24Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда — халқи Исроил фиристода шудаам!»
25Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!»
26Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта ба сагон партофтан дуруст нест».
27«Рост мегӯед, Хоҷаам, — гуфт дар ҷавоб зан, — лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон боқимондаро мехӯранд-ку».
28Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.
29Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст.
30Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод.
31Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.
32Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол нараванд».
33Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Дар ин биёбон мо аз куҷо ин қадар нон меёбем, ки ба чунин тӯдаи одамон расонда тавонем?»
34Исо дар навбати худ аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, — ҷавоб доданд онҳо, — ва якчанд моҳии хурд ҳам дорем».
35Ӯ мардумро фармуд, ки рӯи замин бишинанд.
36Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд.
37Ҳамаи то сер шудан хӯрданду шогирдон боз ҳафт сабади калон пур аз нонпораҳои боқимонда ҷамъ карданд.
38Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор нафар буд.
39Пас Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуду ба сарзамини Маҷдал раҳсипор гашт.