Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 23

Луқо 23:18-33

Help us?
Click on verse(s) to share them!
18Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!»
19(Бараббос одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.)
20Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт.
21Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!»
22Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам».
23Вале онҳо ду пойро ба як мӯза андохта, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо дар салиб мехкӯб карда шавад. Доду фарёди онҳо бар Пилотус ғалаба намуд
24ва ӯ ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд.
25Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод намуд. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
26Вақте ки сарбозон Исоро ба қатл мебурданд, бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор шуданд, ки аз деҳа омада истода буд. Онҳо ӯро дастгир карда ба болояш салибро бор карданд, ки онро аз ақиби Исо бардошта барад.
27Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ бо оҳу нола навҳа мекарданд.
28Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед.
29Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“.
30Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!“
31Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд.
33Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд.

Read Луқо 23Луқо 23
Compare Луқо 23:18-33Луқо 23:18-33