25Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
26Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?»
27Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушамон дӯст бидорем ва шахсеро, ки наздики мост, мисли худ дӯст бидорем».
28Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт».
29Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда ба Исо гуфт: «Пас, шахси наздики ман кист?»
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31Тасодуфан аз ҳамон роҳ рӯҳоние мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
32Ҳамчунин марде аз тоифаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва марди захмдорро дидан замон, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
33Вале марди сомарие, ки аз он ҷо савора мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт.
34Сипас назди ӯ омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд.
35Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду динор дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар харҷат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам онро ба ту бармегардонам“.
36Хӯш, ба фикри ту кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, шахси наздик ҳисоб мешавад?»
37«Он касе, ки ба ӯ раҳм кард», — ҷавоб дод шариатдон. «Пас, бирав ва монанди ӯ рафтор кун», — гуфт Исо.
38Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае ворид гаштанд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард.
39Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пои Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод.
40Марто, ки барои меҳмондорӣ намудан бисёр даводав мекард, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Шумо парвое надоред, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, бигӯед, ки ба ман ёрӣ диҳад».
41«Марто! Марто! — гуфт ба вай Худованд, — ту ғами бисёр чизҳоро хӯрда, даводав мекунӣ.