Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс - Марқӯс 8

Марқӯс 8:24-32

Help us?
Click on verse(s) to share them!
24Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд».
25Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
26Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
27Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
28Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».
29Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
30Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
31Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
32Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад.

Read Марқӯс 8Марқӯс 8
Compare Марқӯс 8:24-32Марқӯс 8:24-32