Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 22

Луқо 22:4-63

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4Яҳудо ба назди сардорони рӯҳонӣ ва саркорони посбонони Хонаи Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад.
5Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд.
6Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати қулай меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад.
7Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд.
8Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Балогардонро тайёр кунед».
9Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки тайёр кунем?»
10Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об бардошта мебарад. Аз ақибаш то ба хонае, ки вай медарояд, биравед.
11Ба соҳиби он хона бигӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда метавонад?“
12Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ба тартиб оварда шудааст. Дастархонро дар ҳамон ҷо андозед».
13Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
14Ҳангоме ки вақту соаташ расид, вакилон ҳамроҳи Исо ба гирди дастархон нишастанд.
15Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Балогардонро бихӯрам.
16Ба шумо мегӯям, аз он дигар нахоҳам хӯрд, то он вақте ки ба маънои пуррааш дар подшоҳии Худо ба амал наояд».
17Баъд косаи майро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Инро гиреду банавбат бинӯшед.
18Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани подшоҳии Худо аз меваи ангур нахоҳам нӯшид».
19Сипас, нонро гирифта, дуои шукрона намуд ва онро пора карда, ба вакилон доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки аз барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Ба хотираи Ман ҳамин тавр бикунед».
20Ва айнан ҳамин тавр баъд аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳди навест, ки дар хуни барои шумо мерехтаам, баста шудааст.
21Ҳоло нигоҳ кунед, касе, ки Маро таслим мекунад, бо Ман дар сари як дастархон нишастааст.
22Бале, Фарзанди Инсон бо роҳе меравад, ки барояш муайян шудааст, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»
23Вакилон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.
24Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад.
25Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо ва ҳокимони онҳо ҳукмашонро бар зердастони худ мегузаронанд ва „эҳсонкор“ номида мешаванд.
26Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор.
27Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам!
28Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед
29ва он подшоҳиеро, ки Падарам ба Ман ато намудааст, Ман низ ба шумо тӯҳфа мекунам,
30то ки шумо дар подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».
31Исо гуфт: «Шимъӯн, Шимъӯн! Бидон, ки шайтон талабгори он шуд, ки ҳамаи шуморо монанди гандум аз ғалбер гузаронад.
32Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти ба наздам баргаштанат бародарони худро устувор гардонӣ».
33Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!»
34Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, ҳой Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор мегӯӣ, ки Маро намешиносӣ».
35Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзол фиристода будам, магар ба чизе мӯҳтоҷ шуда будед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ба ҳеҷ чиз».
36Ӯ гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, онро бихарад.
37Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст».
38Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!»
39Исо аз хона баромада, чун ҳарвақта ба теппаи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.
40Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
41Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:
42«Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз Ман дур кун. Вале бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд!»
43Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид.
44Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақ аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид.
45Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон рафт ва дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд.
46Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
47Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, мардуми бисёре пайдо шуданд ва пешопеши онҳо касе меомад, ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад.
48Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Фарзанди Инсонро таслим мекунӣ?»
49Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, аз оқибати кор пай бурда гуфтанд: «Худовандо! Шояд шамшерҳоро ба кор барем?»
50Ва яке аз онҳо ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт.
51«Бас кунед, бас!» — гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод.
52Баъд ба сардорони рӯҳонӣ, саркорони посбонии Хонаи Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки бо таёқу шамшерҳо омадаед?
53Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».
54Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт.
55Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст.
56Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!»
57Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам».
58Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!» — гуфт Петрус.
59Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст».
60«Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад.
61Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
62Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
63Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд.

Read Луқо 22Луқо 22
Compare Луқо 22:4-63Луқо 22:4-63