Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 18

Луқо 18:5-16

Help us?
Click on verse(s) to share them!
5вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад“».
6Сипас Худованд пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд?
7Наход Худо интихобкардагони худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Ӯ дер мекунад?
8Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Фарзанди Инсон вақти омаданаш дар рӯи замин имонро ёфта метавонад?»
9Баъд Исо ба онҳое, ки дар беайб будани худ шубҳае надошта, аз дигарон ҳазар мекарданд, чунин масалеро нақл кард:
10«Ду кас барои дуогӯӣ ба Хонаи Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир.
11Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар қаллобу золим нестам, алоқаи беникоҳ намекунам ва ҳам монанди ин андозгир нестам.
12Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам“.
13Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар сандуқи синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!“
14Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва, баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад».
15Ба назди Исо кӯдакони хурдсолро оварданд, то ки Ӯ бар сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд.
16Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд.

Read Луқо 18Луқо 18
Compare Луқо 18:5-16Луқо 18:5-16