Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 16

Луқо 16:16-23

Help us?
Click on verse(s) to share them!
16Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд.
17Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
18Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.
19Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд.
20Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид
21ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад.
22Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд.
23Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст.

Read Луқо 16Луқо 16
Compare Луқо 16:16-23Луқо 16:16-23