Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 16:16-23 in Tajik

Help us?

Луқо 16:16-23 in Хушхабар

16 Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд.
17 Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
18 Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.
19 Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд.
20 Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид
21 ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад.
22 Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд.
23 Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст.
Луқо 16 in Хушхабар