Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 1

Луқо 1:10-32

Help us?
Click on verse(s) to share them!
10Вақте ки Закарё машғули сӯзондани ширеши хушбӯй буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
11Баногоҳ ба Закарё фариштаи Худованд зоҳир шуд, ки дар тарафи рости қурбонгоҳи ширеши хушбӯй меистод.
12Ҳамин ки Закарё ӯро дид, беқарор шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард.
13Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Ҳой Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элисобат писаре хоҳад зоид ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт.
14Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад,
15зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ шаробу май нанӯшад. Кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
16аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад.
17Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
18Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем»
19Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам.
20Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад.
22Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад.
23Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24Баъд аз ин зани вай Элисобат ҳомиладор шуд ва аз ин рӯ, панҷ моҳ аз хона намебаромад. Ӯ гуфт:
25«Ин кори Худованд аст, ки ҳоло ба ман назар андохта, нанги маро аз миёни мардум бардоштааст».
26Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод.
27Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд.
28Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй назаркардаи Худо. Худо бо туст».
29Марям аз ин суханони фаришта безобита шуда, худ ба худ фикр мекард, ки чаро ӯ ба ман чунин салом дод.
30Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст;
31ҳоло ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ.
32Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо Ӯро ба тахти аҷдоди Ӯ Довуд мешинонад.

Read Луқо 1Луқо 1
Compare Луқо 1:10-32Луқо 1:10-32