Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 12

Луқо 12:28-47

Help us?
Click on verse(s) to share them!
28Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад!
29Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.
30Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.
31Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад.
33Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
34Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
35Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред.
36Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани соҳибашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани соҳибашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.
37Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.
38Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад.
39Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
40Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».
41Петрус гуфт: «Худовандо! Ин масалро танҳо барои мо ё барои ҳама гуфтӣ?»
42Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд.
43Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
44Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
45Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,
46ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад.
47Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад.

Read Луқо 12Луқо 12
Compare Луқо 12:28-47Луқо 12:28-47