Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 12:28-47 in Tajik

Help us?

Луқо 12:28-47 in Хушхабар

28 Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад!
29 Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.
30 Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.
31 Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32 Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад.
33 Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
34 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
35 Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред.
36 Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани соҳибашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани соҳибашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.
37 Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.
38 Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад.
39 Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
40 Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».
41 Петрус гуфт: «Худовандо! Ин масалро танҳо барои мо ё барои ҳама гуфтӣ?»
42 Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд.
43 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
44 Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
45 Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,
46 ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад.
47 Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад.
Луқо 12 in Хушхабар