1Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғаюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.
2Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад.
3Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам.
4Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.
5Дӯсти азиз, ту дар он рафторе, ки нисбат ба бародарон мекунӣ, асосан ба бародарони бароят ношинос бовафо ҳастӣ.
6Ин бародарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад.
7Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимондорон чизе қабул накарданд.
8Бинобар ин мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.
9Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Деотрефес, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд.
10Пас, дар сурати омаданам, ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.
11Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
12Ана Деметрусро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.
13Боз зиёд чиз ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯи коғаз нависам.
14Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем.
15Саломат бош. Дӯстони инҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони онҷоро як ба як салом гӯй.