15Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.
16Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?»
17Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст.
18Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».
19Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.
21Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.
22Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
24Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»
26Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.