1Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамхизмати мо! Ман Павлус, ки бандии Исои Масеҳ ҳастам, ҳамроҳи бародари имондори мо Тимотиюс ба ту
2ва ба имондороне, ки дар хонаат ҷамъ мешаванд, салом мерасонем. Ҳамчунин, ба хоҳари имондори мо Апия ва ба ҳамсафи мо Архипус саломи моро бирасон.
3Бигзор файз ва осоиши Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳ бар шумо бод!
4Ман ҳамеша туро ба ёд оварда, дар дуоҳоям Худои худро шукр мегӯям,
5зеро шунидам, ки ту — Филемӯн муқаддасони Худоро дӯст медоштаӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ имон доштаӣ.
6Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд.
7Бародар Филемӯн, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили муқаддасон қувват бахшидӣ.
8Алҳол дар имон, ки ба Масеҳ дорем, метавонистам далерона ба ту кореро бифармоям.
9Лекин баҳри муҳаббати мо ҳамчун Павлуси пир ва шахсе, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ аст, аз ту танҳо хоҳиш мекунам.
10Хоҳиши ман дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард.
11Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор аст.
12Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам.
13Хеле мехостам, дар наздам бошаду, ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад.
14Аммо нахостам бе розигият коре бикунам, то некии ту на ба тарзи маҷбурӣ, балки бо хости ту бошад.
15Шояд Онисимус барои ҳамин муддате аз ту ҷудо карда шуда бошад, ки сипас то абад бо ту монад.
16Лекин акнун на чун ғуломи ту, балки хеле беҳтар аз ғулом, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст.
17Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро чун ман қабул намо.
18Агар пеши ту хатое карда бошад ё қарзе дошта бошад, онро ба ҳисоби ман гузарон.
19Инак, ман, Павлус, бо дасти худ ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ.
20Бале, бародар Филемӯн, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ қувват бубахш!
21Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Бинобар ин, ба ту менависам, зеро медонам, ки барои ман аз хоҳишам бештар хоҳӣ кард.
22Боз як хоҳиши дигар дорам: барои ман ҳуҷрае омода намо, зеро умед дорам, ки ба сабаби дуоҳои шумо ба наздатон бозгардам.
23Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст,
24ҳамчунин ҳамкоронам: Марқӯс, Ористархус, Димос ва Луқо ба ту салом мегӯянд.
25Хайр, файзи Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод!