Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс - Марқӯс 9

Марқӯс 9:20-41

Help us?
Click on verse(s) to share them!
20Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.
21Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.
22Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
24Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»
26Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.
27Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
30Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад,
31чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».
32Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
33Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»
34Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣ аз ҳама бузургтар аст.
35Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад».
36Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт:
37«Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад».
38Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
39Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд.
40Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.
41Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».

Read Марқӯс 9Марқӯс 9
Compare Марқӯс 9:20-41Марқӯс 9:20-41