Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 13

Луқо 13:30-35

Help us?
Click on verse(s) to share them!
30ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд ва баъзе аз онҳое, ки дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд».
31Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Ба шумо лозим аст, ки аз ин ҷо баромада раведу сафаратонро давом диҳед, зеро Ҳиродус мехоҳад шуморо бикушад».
32Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.
33Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Ерусалим ҳалок гардад.
34Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!
35Пас ҳоло хонаат бепарастор мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».

Read Луқо 13Луқо 13
Compare Луқо 13:30-35Луқо 13:30-35