Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 11

Луқо 11:4-27

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд ва моро ба озмоиш дучор накун».
5Пас ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман се дона нон қарз деҳ,
6чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам“.
7Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ, чунки дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷойгаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста ба ту нон диҳам“.
8Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯи дӯстӣ хеста чизе надиҳад, азбаски беист талаб мекунед, маҷбур мешавад, ки хезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо диҳад.
9Бинобар ин Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
10Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад; ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад; ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
11Оё дар байни шумо чунин падаре ёфт мешавад, ки агар писараш аз ӯ моҳӣ бипурсад, ба ҷои моҳӣ ба дасташ мори заҳрдор диҳад?
12Ё агар писараш тухм бипурсад, ба ҷояш каждум ба ӯ диҳад?
13Пас, агар шумо бо ҳамаи дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чизҳои хуб дода тавонед, наход Падари осмонӣ Рӯҳи Муқаддасро чанд маротиба зиёдтар ба онҳое надиҳад, ки аз Ӯ талаб мекунанд».
14Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд.
15Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо девҳоро бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо берун мекунад».
16Дигарон бошанд, Ӯро озмуданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо нишонае диҳад.
17Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад.
18Инак, агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар давлаташ устувор монда метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам.
19Агар Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекарда бошам, пас, пайравони худатон-чи? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Бигзор онҳо шуморо ҳукм кунанд.
20Аммо, агар Ман бо қувваи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст.
21Вақте ки марди пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад.
22Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, аз вай кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад.
23Касе, ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе, ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.
24Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, —
25ва баргашта мебинад, ки ин хона ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст.
26Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш ҳам бадтар хоҳад шуд».
27Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Шуморо таваллуд карда шир додааст!»

Read Луқо 11Луқо 11
Compare Луқо 11:4-27Луқо 11:4-27