Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Эстер

Эстер 4

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Мордахай аз ин ҳодиса хабардор шуда, мотам гирифт. Либосашро даронида, ҷомаи азодорӣ пӯшиду хокистар ба сараш пошид ва дар шаҳр гашта, гиряву фиғони баланд бардошт.
2Ӯ фақат то назди дарвозаи подшоҳ омад, зеро азодор ҳуқуқ надошт ба қаср дарояд.
3Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд.
4Вақте канизону хоҷасароёни Эстер ба ӯ аз ҳолати Мордахай хабар доданд, малика хеле хавотир гашта, ҷигархун шуд. Эстер ба Мордахай либос фиристод, то ки ба ҷойи либоси азодориаш бипӯшад, вале Мордахай онро қабул накард.
5Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист.
6Ҳатох ба майдони шаҳр, ки назди дарвозаи қаср воқеъ буд, ба пеши Мордахай рафт.
7Мордахай дар бораи воқеаи бо вай рӯйдода ва миқдори муайяни нуқрае, ки Ҳаман барои несту нобуд кардани яҳудиён ба хазинаи шоҳ ваъда кардааст, ба ӯ нақл кард.
8Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд.
9Пас Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер нақл кард.
10Эстер Ҳатохро боз назди Мордахай фиристод, то бигӯяд:
11«Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст».
12Суханони Эстерро ба Мордахай расонданд.
13Мордахай дар ҷавоби Эстер гуфт: «Фикр накун, ки дар хонаи шоҳ танҳо ту аз байни яҳудиён наҷот меёбӣ.
14Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ».
15Пас Эстер дар ҷавоб ба Мордахай гуфт:
16«Бирав, ҳамаи яҳудиёни Шушанро ҷамъ кун ва барои ман се шабонарӯз рӯза гиред. Шабу рӯз ҳеҷ чиз нахӯреду нанӯшед, ман ҳам бо канизонам рӯза мегирам. Баъд аз се рӯз, агарчи ин бар зидди қонун аст, ба назди шоҳ медароям ва агар бимирам, ба тақдирам тан медиҳам».
17Бо ҳамин, Мордахай рафта, ҳамаи фармоишҳои Эстерро иҷро кард.