Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Эстер

Эстер 10

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳои дурро ба андоз супоридан водор намуд.
2Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд.
3Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд.