Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Эстер

Эстер 2

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард.
2Инро дида, хизматгорони шахсияш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои шоҳ духтарони ҷавону зеборо ҷустуҷӯ намоянд.
3Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд.
4Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард.
5Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин.
6Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд.
7Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт.
8Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт.
9Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд.
10Мувофиқи амри Мордахай Эстер ба касе дар бораи аз миллати яҳудӣ буданаш ва оилаи худ ҳарф намезад.
11Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад.
12Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод.
13Сипас духтар дар навбати худ, назди шоҳ медаромад. Ҳангоми назди шоҳ рафтан ҳар чизеро, ки духтар талаб мекард, медоданд, то ки аз хонаи занон ба хонаи шоҳ барад.
14Духтар бегоҳӣ ба назди шоҳ мерафту саҳарӣ ба хонаи занҳои дигар баргашта, таҳти назорати Шаашғоз, ки нигаҳбони занони дигар буд, меистод. Вай ба назди шоҳ дуюмбора намеомад, магар ин ки ба шоҳ хуш ояду ӯро бо номаш даъват кунад.
15Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд.
16Зимистони соли ҳафтуми ҳукмронии шоҳ, Эстерро ба назди шоҳ Аҳашверӯш ба қаср оварданду
17вай Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт ва нисбат ба духтарони дигар ситорааш ба дили шоҳ бештар рост омад. Шоҳ ба сари Эстер тоҷи шоҳигарӣ гузошта, ӯро ба ҷойи Ваштӣ малика эълон намуд.
18Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод.

19Вақте ки бори дуюм духтаронро ҷамъ карданд, Мордахай дар дарбори шоҳ хизмат менамуд.
20Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард.
21Рӯзе, ҳангоме ки Мордахай дар дарбор хизмат мекард, ду дарбон — Биғтон ва Тораш ба қаҳр омада, мехостанд шоҳро кушанд.
22Мордахай аз ин хабардор шуда, ба малика Эстер расонид ва ӯ ба шоҳ аз номи Мордахай ҳодисаро нақл кард.
23Баъд аз тафтиши ҳодиса фаҳмиданд, ки ҳақиқатан дарбонон чунин нақша кашида будаанд. Пас онҳоро дастгир карда, ба дор овехтанду тамоми ҳодиса дар ҳузури шоҳ дар китоби ёддоштҳо навишта шуд.