Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Эстер

Эстер 9

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Ҳафтуми март фармони шоҳ бояд иҷро мешуд. Ҳамон рӯз душманони яҳудиён умед доштанд, ки бар яҳудиён ғолиб меоянд, лекин баръакси ҳодиса рӯй дод. Дар асл яҳудиён бар душманонашон ғолиб баромаданд.
2Яҳудиён дар шаҳрҳояшон дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ ҷамъ омаданд, то ба онҳое, ки маргашонро мехостанд, ҳуҷум намоянд. Азбаски тарс аз яҳудиён ҳамаи халқҳоро фаро гирифта буд, ҳеҷ кас бар зидди онҳо истодагарӣ карда натавонист.
3Тарс аз Мордахай ҳамаи мирони халқҳо, ҳокимони вилоятҳову ноҳияҳо ва хизматгорони дарбори шоҳро фаро гирифта буд ва аз ин сабаб онҳо яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд.
4Охир ба Мордахай вазифаи баланд доданду шӯҳраташ дар тамоми сарзамин паҳн шуд ва қудрати ӯ рӯз ба рӯз меафзуд.
5Ҳамин тавр, яҳудиён, ҳар чи ки хостанд, бо душманони худ карданд. Бо шамшер ҳамаи онҳоро зада куштанд ва несту нобуд намуданд.
6Дар худи қалъаи шоҳ яҳудиён панҷсад нафарро куштанд.
7Онҳо инчунин Паршандато Далфӯн Аспото
8Пӯрото, Адалё, Аридото
9Паршамто, Арисой, Аридой ва Вайзото ном ҷавонмардонро куштанд.
10Инҳо даҳ писарони Ҳаман ибни Ҳамдотой, душмани яҳудиён буданд. Вале ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд.
11Худи ҳамон рӯз дар бораи шумораи одамони дар Шушан кушташуда ба шоҳ ҳисобот дода шуд.
12Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд».
13«Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд».
14Ҳамин тавр, шоҳ амр дод, ки ин фармон иҷро шавад. Онро дар Шушан эълон намуданду мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шуданд.
15Яҳудиён дар Шушан низ ҳаштуми март ҷамъ шуда, дар он ҷо сесад нафарро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд.
16Дар ин ҳангом, яҳудиёни дигар дар вилоятҳои подшоҳ низ ҷамъ шуданд, то ки худро муҳофизат намуда, аз душманонашон халос шаванд. Яҳудиён ҳафтоду панҷ ҳазор нафар душманони худро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд.
17Ҳамаи ин ҳафтуми март рӯй дод. Ҳаштуми март онҳо истироҳат карда, онро ба рӯзи базму шодмонӣ табдил доданд.
18Лекин дар шаҳри Шушан яҳудиён барои худро муҳофизат намудан ҳам рӯзи ҳафтум ва ҳам ҳаштум ҷамъ шуданду рӯзи нӯҳумро ба базму шодмонӣ бахшиданд.

19Барои ҳамин яҳудиёни деҳотӣ ҳаштуми мартро ҳар сол ҳамчун рӯзи шодмонӣ ва базм ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ба якдигар хӯрок мефиристанд.
20Мордахай ин ҳодисаҳоро ба қайд гирифт ва ба ҳамаи яҳудиёни дуру наздики ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мактубҳо фиристод.
21Дар мактубҳо аз онҳо хоҳиш кард, ки ҳар сол рӯзҳои ҳаштуму нӯҳуми март ҳамчун ид
22бо базму шодмонӣ, фиристодани хӯрок ба якдигар ва додани тӯҳфаҳо ба камбағалон ҷашн гирифта шавад. Ин барои ёдбуди замонест, ки яҳудиён аз душманонашон халос шуда, ғамашон ба шодӣ ва мотамашон ба хурсандӣ табдил ёфта буд.
23Ҳамин тавр, яҳудиён ба Мордахай гӯш карда, қарор доданд, ки идро чун анъана қабул намоянду ҳамасола ҷашн бигиранд.
24Онҳо ба хотир меоварданд, ки Ҳаман писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки душмани ҳамаи яҳудиён буд, яҳудиёнро куштанӣ шуда, барои несту нобуд сохтани онҳо қуръа (яъне пур) партофт.
25Аммо ҳангоме Эстер назди подшоҳ даромад, ӯ фармон баровард, то нақшаи баде, ки Ҳаман барои яҳудиён тайёр карда буд, бар сари худаш омада, бо писаронаш ба дор овехта шавад.
26Барои ҳамин ин идро Пурим, ки маънояш «қуръа» аст, номиданд. Ҳамин тавр, бо сабаби номаҳои Мордахай ва он чӣ онҳо аз сар гузарониданд,
27яҳудиён қарор доданд, ки ин анъанаро расман қабул кунанду ҳамасола ин ду рӯзро худашон, фарзандонашон ва онҳое ки дини яҳудиро қабул мекунанд, бояд қайд кунанд. Онро бояд дар вақту соати барои он муайяншуда, мувофиқи он чи ки навишта шуд, бе ягон мамоният ҷашн бигиранд.
28Ин рӯзҳо бояд аз насл ба насл дар ҳар оила, вилоят ва шаҳр ба хотир оварда, нигоҳ дошта шавад. Ҷашн гирифтани рӯзҳои иди Пурим ҳеҷ гоҳ аз тарафи яҳудиён манъ карда нашавад ва ёди он аз байни наслҳои онҳо наравад.
29Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд.
30Нусхаҳои мактуби дигар бо суханони сулҳу осоиштагӣ ба ҳамаи яҳудиёни яксаду бисту ҳафт вилояти сарзамини шоҳ Аҳашверӯш фиристода шуданд.
31Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд.
32Ҳамин тавр, фармони малика Эстер анъанаҳои Пуримро тасдиқ намуд ва он дар китоб навишта шуд.