Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Тасслӯникиён

Тасслӯникиён 4

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Инак, бародарон, бо номи Худованд Исо хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед.
2Зеро шумо медонед, ки бо қудрати Худованд Исо чӣ гуна таълимотро ба шумо додаем.
3Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз бадахлоқии ҷинсӣ худро нигоҳ доред.
4Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед.
5Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед.
6Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худо аз одам қасос мегирад.
7Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст.
8Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳи Муқаддасро медиҳад, рад мекунад.
9Оид ба хусуси бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред.
10Бале, шумо ҳамаи имондоронеро, ки дар саросари вилояти Мақдуния ҳастанд, дӯст медоред. Ба ҳар ҳол, хоҳиш мекунем, ки якдигарро боз зиёдтар дӯст доред.
11Чи тавре ки фармуда будем, оромона зиндагӣ кунед, ҳар кас бо кори худ машғул шуда, бо дастонаш меҳнат кунад.
12Чунон зиндагӣ кунед, ки ҳаёти шумо сазовори ҳурмати беимонон бошад, то ки шумо аз дигарон вобаста набошед.
13Эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи гузаштагон бехабар монда, ба монанди беимононе, ки умед надоранд, ғамгин бошед.
14Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад.
15Мувофиқи суханони Худованд ба шумо мегӯем: мо, ки то бозгаши Худованд зинда мемонем, аз имондорони гузашта, ҳаргиз пеш намеравем.
16Зеро худи Худованд аз осмон бо фармони қатъӣ, бо овози сарфариштаву карнайи Худо фуруд меояд ва аввал онҳое, ки ба Масеҳ имон доштанду мурдан зинда мешаванд.
17Сипас мо, зиндаҳои боқимонда, ҳамроҳи онҳо дар абре ба ҳаво, ба пешвози Худованд боло мешавем ва то абад бо Ӯ мемонем.
18Бо ин суханон якдигарро рӯҳбаланд кунед.