1Бародарон, ҳоҷат нест, ки мо ба шумо дар бораи вақту соати он рӯз нависем.
2Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ногаҳон фаро мерасад мисли дузде, ки шабона меояд.
3Ҳангоме ки одамон «дар ҳама ҷо сулҳу осоиштагӣ» мегӯянд, ногаҳон ҳалокат меояд, мисли он ки пеш аз таваллуд зани ҳомиладорро дард мегирад. Ҳамин тавр, ба онҳо низ роҳи гурез нест.
4Аммо шумо, бародарон, дар торикӣ нестед, то ки он рӯз ногаҳон чун дузд шуморо дар ғафлат ёбад.
5Зеро ҳамаи шумо писарони нур ва рӯзи равшан ҳастед. Мо аз они шаб ва торикӣ нестем.
6Инак, мисли дигарон дар хоби ғафлат намонем, балки бедор ва ҳушёр бошем.
7Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд; онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд.
8Лекин мо аз они нури рӯз ҳастем, пас биёед имону муҳаббатро ҳамчун либоси ҷангӣ дар бар кунем ва умеди наҷоти ояндаро ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ба сар кашида, ҳушёр биистем.
9Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худованди мо, Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст.
10Исо барои мо ҷонашро фидо кард, то ки мо хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда — ҳамроҳи Ӯ зиндагӣ кунем.
11Пас рӯҳбаланд кардан ва устувор гардондани якдигарро давом диҳед.
12Бародарон, аз шумо хоҳиш мекунем: намояндагони Худовандро, ки дар байни шумо меҳнат ва шуморо роҳбарию насиҳат мекунанд, иззат намоед.
13Барои корашон онҳоро ҳурмату эҳтиром кунед ва дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед.
14Эй, бародарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед; ба тарсончакон қувват бахшед; сустимонҳоро дастгирӣ кунед; нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед.
15Нагузоред, ки касе ба ивази бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, балки ҳамеша нисбат ба якдигар ва ҳама ба некӣ кардан кӯшиш кунед.
16Ҳама вақт шод бошед,
17ҳамеша дуо гӯед,
18дар ҳар ҳолат Худоро шукр гӯед, зеро хости Худо барои шумо, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доред, ҳамин аст.
19Ба кори Рӯҳи Пок халал нарасонед;
20пешгӯйиҳоро зери пой нанамоед,
21лекин ҳамаи инро санҷида, пешгӯйиҳои хубро қабул кунед,
22аз ҳар намуди бадаш дурӣ кунед!
23Бигзор худи Худои осоиштагӣ шуморо комилан пок гардонад, то ки ҳангоми бозгашти Худованди мо Исои Масеҳ тамоми вуҷудатон, яъне рӯҳ, ҷон ва ҷисматон беайб нигоҳ дошта шавад.
24Худо — Даъваткунандаи шумо вафодор аст ва Ӯ шуморо беайб нигоҳ медорад.
25Бародарон, барои мо дуо кунед.
26Ҳамаи бародаронро ба оғӯш гирифта, салом расонед.
27Дар назди Худованд шуморо вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарон хонед.
28Файзу марҳамати Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад!