Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Тасслӯникиён

Тасслӯникиён 2

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Бародарон, худи шумо медонед, вақте ки ману Силӯс ва Тимотиюс ба назди шумо омадем, хизматамон самаранок буд.
2Чуноне ки медонед, дар шаҳри Филиппӣ моро бисёр азоб доданд, паст заданд, вале Худо ба мо ҷуръат дод, ки бо вуҷуди зиддиятҳои сахт хушхабари Ӯро ба шумо кушоду равшан эълон намоем.
3Охир, дар даъвати мо гумроҳ кардан, нияти бад ва ё фиребе нест.
4Баръакс, Худо баъди санҷишҳо моро супориш додааст, ки хушхабарро эълон кунем. Барои ҳамин бартарие, ки ба мо дода шудааст, ҳангоми сухан гуфтан кӯшиш мекунем, ки на ба одамон, балки ба Худое, ки дилҳои моро месанҷад, писанд оем.
5Шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳаргиз хушомадгӯӣ накардаем ва ба манфиати худ кор набурдаем.
6Зеро мо на аз шумо ва на аз каси дигар таъриф наҷустаем.
7Мо чун фиристагониМасеҳ ҳақ доштем, ки аз шумо ҳурмату эҳтиром талаб кунем, аммо, мисли он ки модар навозишкорона ба кӯдаконаш ғамхорӣ мекунад, дар байнатон меҳрубон будем.
8Мо шуморо чунон дӯст доштем, ки тайёр будем на танҳо хушхабари Худоро ба шумо расонем, балки ҷони худро бароятон фидо кунем, чунки шумо бароямон хеле азиз ва гиромӣ ҳастед.
9Бародарон, шумо дар ёд доред, чӣ тарз мо заҳмат мекашидем: хушхабари Худоро ба шумо расонда, боз шабу рӯз кор ҳам мекардем, то ки ба дӯши ягон каси шумо бор нашавем.
10Ҳам шумо ва ҳам Худо шоҳид ҳастед, ки рафтори мо нисбати шумо, имондорон, то чӣ андоза пок, дуруст ва беайб буд.
11Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем;
12шуморо қувват бахшидаву рӯҳбаланд карда, насиҳат мекардем. Мехостем, ки тарзи зиндагии шумо писанди Худо бошад, ки шуморо ба шукӯҳу ҷалол ва подшоҳиаш даъват кардааст.
13Мо ҳамеша Худоро шукр мегӯем, ки шумо ҳангоми аз мо шунидани каломи Худо, онро на ҳамчун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Ин калом дар ҳаёти шумо, имондорон, амал мекунад.
14Охир шумо, бародарон, дар азоб кашиданатон ба одамони Худо дар вилояти Яҳудия, ки ба Исои Масеҳ бовар мекунанд, монанд шудед — шумо аз халқи худ ҳамон азобҳоеро кашидед, ки онҳо аз яҳудиён дида буданд.
15Яҳудиён Худованд Исо ва пайғамбаронро куштанд, инчунин моро пеш карданд. Рафтори онҳо ба Худо маъқул нест, онҳо ба одамон зиддият карда
16намегузоранд, ки мо хушхабарро ба мардум расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд.
17Эй бародарон, азбаски мо нохоҳ барои муддати кӯтоҳе на дар дил, балки ҷисман аз шумо ҷудо шудем, хоҳиши зиёд доштем, ки шуморо боз рӯ ба рӯ бубинем.
18Бале, хеле мехостем ба назди шумо равем. Ман, Павлус, бошам на як бору ду бор кӯшиш кардам, аммо иблис пеши роҳамонро гирифт.

19Вақте ки Худованд Исобармегардад, дар назди Ӯ шумо боиси умеду шодмонӣ ва сарбаландии мо мешавед!
20Охир шумо сабаби фахру хушнудии мо ҳастед!