Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 9

Луқо 9:17-55

Help us?
Click on verse(s) to share them!
17Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз пораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.
18Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
19Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки Шумо Илёс ҳастед ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».
20Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
21Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
22Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад».
23Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
24Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
25Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад ва ҷазо бинад?
26Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли худ, шӯҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард.
27Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон подшоҳии Худоро мебинанд».
28Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад.
29Вақте ки Ӯ ба дуогӯӣ машғул буд, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд
30ва инак ду мард, Мӯсою Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад.
32Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шӯҳрату ҷалоли Исо ва он ду мардро, ки бо Ӯ меистоданд, диданд.
33Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке — барои Шумо, дигаре — барои Мӯсо ва сеюм — барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд.
34Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва вақте ки Мӯсо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд.
35Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед».
36Вақте ки овоз гум шуд, Исо боз танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чӣ дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.
37Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд.
38Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст.
39Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад.
40Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он рӯҳро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд».
41Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!»
42Вақте ки писар ба назди Исо меомад, дев ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо рӯҳи нопокро манъ карду писарро шифо бахшида, ба падараш супорид
43ва ҳама аз бузургии қудрати Худо дар ҳайрат монданд. Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт:
44«Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад».
45Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе бипурсанд.
46Шогирдон байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин кӯдакеро гирифта, ба паҳлӯи худ гузошт
48ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ба хотири Ман ин кӯдакро қабул кунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, касеро қабул мекунад, ки Маро фиристодааст. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».
49Он вақт Юҳанно гуфт: «Хоҷа, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо нест, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
50Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».
51Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад.
52Исо одамонашро пешопеши худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд.
53Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Ерусалим равона буд.
54Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?»
55Вале Исо ба Ёқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард ва ҳама ба деҳаи дигаре равон шуданд.

Read Луқо 9Луқо 9
Compare Луқо 9:17-55Луқо 9:17-55