Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 2

Луқо 2:1-5

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дар он вақтҳо император Авғустус фармон баровард, ки дар саросари империя саршумории аҳолӣ гузаронида шавад.
2Ин аввалин саршуморӣ буд, ки дар замони ҳукмронии Кириниюс дар Сурия гузаронида мешуд.
3Ҳар кас барои ба қайд гирифта шудани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт.
4Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд.
5Ӯ Марямро низ, ки номзадаш ва ҳамон вақт аллакай ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.

Read Луқо 2Луқо 2
Compare Луқо 2:1-5Луқо 2:1-5