Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 18

Луқо 18:17-27

Help us?
Click on verse(s) to share them!
17Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
18Яке аз ҷумлаи сардорон аз Исо пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
19Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худои ягона нек нест.
20Ту фармоишҳоро медонӣ: алоқаи беникоҳ накун, одамкушӣ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».
21Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам».
22Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, ба бечорагон бидеҳ. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
23Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле бой буд.
24Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст.
25Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамон ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».

Read Луқо 18Луқо 18
Compare Луқо 18:17-27Луқо 18:17-27