Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 13

Луқо 13:27-32

Help us?
Click on verse(s) to share them!
27Вале ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“
28Ва вақте ки шумо дар подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Ёқуб ва тамоми пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.
29Мардум аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб омада, дар гирди дастархони подшоҳии Худо менишинанд
30ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд ва баъзе аз онҳое, ки дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд».
31Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Ба шумо лозим аст, ки аз ин ҷо баромада раведу сафаратонро давом диҳед, зеро Ҳиродус мехоҳад шуморо бикушад».
32Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.

Read Луқо 13Луқо 13
Compare Луқо 13:27-32Луқо 13:27-32