1Эй азизон, ба ҳар касе, ки «ман Рӯҳи Худо дорам» мегӯяд, бовар накунед. Онҳоро санҷед, ки оё ростӣ аз тарафи Худоянд, чунки ба ҷаҳон бисёр пайғамбарони бардурӯғ омадаанд.
2Шумо Рӯҳи Худоро ин тавр шинохта метавонед: ҳар рӯҳе, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор мекунад, аз Худост,
3аммо ҳар рӯҳе, ки инро иқрор намекунад, аз Худо нест. Баръакс ин рӯҳ аз ҷониби душмани Масеҳ аст, ки шумо дар бораи омада истодани ӯ шунидаед ва ӯ аллакай дар ҷаҳон аст.
4Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед.
5Онҳо аз они ҷаҳон мебошанд, бинобар ин мувофиқи ин ҷаҳон гап мезананд ва одамони ҷаҳон онҳоро гӯш мекунанд.
6Мо бошем, аз они Худо ҳастем ва ҳар касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад. Аммо онҳое, ки аз они Худо нестанд, моро гӯш намекунанд. Ана аз ҳамин мо рӯҳи ростиро аз рӯҳи фиреб фарқ мекунем.
7Азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худо аст. Ҳар кӣ муҳаббат нишон медиҳад, аз Худо таваллуди нав гирифтааст ва Худоро мешиносад.
8Худо муҳаббат аст, пас ҳар кӣ муҳаббат нишон намедиҳад Худоро намешиносад.
9Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем.
10Ана ин муҳаббат аст, ки на мо Худоро дӯст доштем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари худро фиристод, то ки Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо фидо шавад.
11Азизонам, агар Худо моро ин қадар дӯст дорад, пас мо низ бояд якдигарро дӯст дорем.
12Худоро касе надидааст, вале агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар дохили мо зиндагӣ мекунад ва муҳаббати Ӯ дар дохили мо ба ҳадди комил мерасад.
13Дар Худо сокин буданамон ва Худо дар мо сокин буданашро мо аз ин медонем, ки Ӯ Рӯҳи худро ба мо додааст.
14Инчунин мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст.
15Дар дохили касоне, ки Писари Худо будани Исоро иқрор мекунанд, Худо сокин мебошад ва онҳо дар Худо сокин мебошанд.
16Ана ҳамин тавр мо муҳаббати Худоро нисбати худ шинохтем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст ва онҳое, ки дар муҳаббат мемонанд, дар Худо сокин мебошанд ва Худо дар онҳо мебошад.
17Муҳаббати Худо дар мо ба ҳадди комил расидааст, то ки мо дар рӯзи ҷазо бо сари бардошта истода тавонем, чунки мо дар ин ҷаҳон монанди Ӯ ҳастем.
18Дар муҳаббат тарс нест, баръакс муҳаббати пурра тарсро аз байн мебарад. Касе, ки тарс дорад, интизори ҷазо аст. Ӯ ҳанӯз ба ҳадди комили муҳаббат нарасидааст.
19Мо барои он муҳаббат нишон медиҳем, чунки аввал Худо моро дӯст доштааст.
20Агар касе мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад, аммо бародарашро бад мебинад, дурӯғгӯй аст. Зеро агар мо бародаронро бад бинем, дар ҳоле ки чашмамон онҳоро мебинанд, пас Худоро, ки чашмамон намебинад, дӯст дошта наметавонем.
21Фармони Худо ин аст, ки ҳар кӣ Ӯро дӯст дорад, бояд бародари худро низ дӯст дорад.